Аз нишастҳои матбуотӣ

219 тонна гӯшти ғайристандартии мурғ аз муомилот гирифта шуд

№91 (4041) 27.07.2019

Davlatzoda-Kudrat-Rektor-1-3Дар шаш моҳи соли 2019-ум 18 тонна чойи сиёҳ (истеҳсоли Ҳиндус­тон), 219 тонна гӯшти мурғ (истеҳсоли Туркия), 130,733 тонна равғани нахл (палма — истеҳсоли Малайзия) ва 106, 9 тонна меваи хурмои хушк (истеҳсоли Ироқ ва Туркия) ғайристандартӣ эътироф шуда, барои аз ҷумҳурӣ берун баровардан тибқи низоми «Реэкспорт» ба Хадамоти гумрук пешниҳод шуд. Дар ин хусус 22 июли соли 2019 директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода маълумот дод.

Ба гуфти ӯ, нозирон якҷоя бо намояндагони ширкатҳое, ки тамғаи молии ҳимоятшудаи онҳо дар бозори истеъмолӣ аз тарафи дигар соҳибкорон истифода гардидааст, санҷиш гузаронида, 2035 баста сақичи «Орбит» ва 3662 баста донаҳои офтобпарастро бо тамғаи қалбакӣ ошкор карда, аз муомилот гирифтаанд.

Зикр гардид, ки дар давраи зикршуда маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, аз ҷумла, масолеҳи сохтмонӣ 41809 кг, фурӯзонакҳои тасфон 1437 дона, фурӯзонакҳои каммасраф 596 дона, бозичаҳо 42580 дона, ноқил 31242 метр, тамоку 10 643 кг, тахта 121 метри мукааб, матоъ 721 метр ва дафтар 1016 дона, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ набуданд, ошкор ва тибқи тартиби муқарраршуда дубора коркард ва ё нобуд карда шуд.

Дар самти таъмини сифат ва бехатарии маводи сӯзишворӣ низ корҳои зиёд амалӣ гардид. Чунончӣ, аз 278821 тонна маҳсулоти нефтии аз ташхис гузаронида 1636 тонна сӯзишворӣ ғайристандартӣ эътироф шуд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»