Аз нишастҳои матбуотӣ

223,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд

№15 (3652) 14.02.2017

Палатаи Хисоб (1)Соли гузашта Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, субъект­ҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, муассисаҳои буҷетӣ 530 санҷиш гузаронида, 223,9 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд.

Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода 3-юми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз зарари ошкоргардида 85 миллиону 645 ҳазор сомониро хароҷоти ғайриқонунӣ, 92 миллиону 842 ҳазор сомониро изофанависӣ дар  корҳои  таъмиру сохтмонӣ, 1 миллиону 383 ҳазор сомониро  зарар аз фурӯш ва  иҷораи амволи давлатӣ  ташкил медиҳад. Тайи як соли  сипаришуда бо мақсади бартараф намудани камбудию норасоиҳои зимни санҷишҳо ошкоргардида чораҳои  мушаххас андешида, 51,5 миллион сомонӣ зарари молиявӣ барқарор гардид. Аз ҷониби Палата ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои санҷидашуда 25 тавсия ирсол шуда, дар натиҷа 7 нафар аз вазифа сабукдӯш ва 217 нафар муҷозот шуданд. Сабукдӯшшудагон кормандони мақомоти  маҳаллӣ ва ниҳодҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Қӯрғонтеппа, Конибодом ва Рӯшон мебошанд.

Ба гуфти сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Самиев, дар ноҳияи Бохтар зимни истифодаи  маблағҳои буҷет дар робита ба беҳдошти замин ва  обёрӣ камбудиҳо ҷой доштанд.

С СУННАТӢ, «Садои мардум»