22928 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд

№13 (3963) 02.02.2019

DSC_3971Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод зимни нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 қайд намуд, ки дар самти назорати иҷрои қонунҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон 5197 санҷиш гузаронида, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта ба роҳбарони ташкилоту идораҳо, корхонаю хоҷагиҳо 21790 санади эътиноии прокурорӣ ирсол гардид. Бо баррасии санҷишҳо 33230 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ кашида, 2758 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар асоси натиҷаи санҷишҳо ва андешидани чораҳои эътиноии прокурорӣ 641 млн. сомонӣ зарари молиявие, ки аз амалҳои ҷиноятӣ ва дигар қонунвайронкунӣ расидаанд, рӯёнида шуд, ки 280 млн. сомонии он ба манфиати давлат мебошад.

Мансубини мақомоти прокуратура, ҳамчунин, дар рӯёнидани бақияпулии маблағи андозҳо (дар маҷмӯъ, 257 млн. сомонӣ) ва 35,8 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ саҳми бевосита гузоштанд.

Назорати иҷрои қонунгузории замин аз самтҳои асосии фаъолияти прокуратура мебошад. Дар робита ба ин масъала 434 санҷиш гузаронида, 5955 санади таъсиррасонии прокурорӣ ва дар асоси онҳо 3451 шахси масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида, 1085 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 22928 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 440 санади эътиноӣ татбиқ гардида, 1374 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуд. Ҳамчунин, 77 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 180 гектар замини фонди ҷангал ба ҳолати аввала баргардонида, 3,5 млн. сомонӣ пардохт шуд.

Соли гузашта 217 ҷиноят зиёд мебошад. Дар ҷумҳурӣ соли гузашта 21957 ҷиноят содир шуда, муфаттишони прокуратура тафтиши 3897 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 3591 парвандаро барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суд фиристониданд.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»