Нишастҳои матбуотӣ

24 бозори наздимарзӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард

№93 (3730) 05.08.2017

Ваз Икт ва Савдо (1)Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Неъматулло Ҳикматуллозода якуми августи соли равон дар нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 8 миллиарду 552,4 миллион сомонӣ расид ва афзоиши он аз ҳисоби рушди соҳаи саноати истихроҷ 126,3 дарсад, саноати коркард — 120,9 ва истеҳсоли неруи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 116,2 дарсад таъмин гардид.

Дар ин давра гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиарду 705,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 12,1 дарсад кам мебошад. Шарикони асосии тиҷоратии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои Россия (25,8%), Қазоқистон (22,9%), Хитой (14,4%). Туркия (8,5%), Ӯзбекистон (3,4%), Эрон (2,4%), Тайван (1,9%), Олмон (2,2%) ва Туркманистон (1,5%) ба ҳисоб мераванд.

Неъматулло Ҳикматуллозода таъкид намуд, ки дар нишондиҳандаҳои омории гардиши савдои хориҷӣ қисмати воридот ҳамоно коҳиш ёфта истодааст. Масалан, дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми воридот бо ифодаи арзишӣ дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 16,9% (253,5 миллион доллар) коҳиш ёфта, як миллиарду 246,7 миллион долларро ташкил дод. Дар гардиши савдои хориҷӣ 56,5 % ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ ва 43,5% ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд.

Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Сайраҳмон Назризода вобаста ба ифтитоҳи бозорҳои нави наздимарзӣ гуфт, ки лоиҳа дар хусуси таъсиси 24 бозори наздимарзӣ омода аст. Баъди мувофиқа намудан бо сохторҳои салоҳиятдори ҷумҳуриҳои ҳамсоя онҳо ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»