Аз нишастҳои матбуотӣ

24 нафар рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд

№94 (4044) 03.08.2019

IMG_20190724_160745Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмад Шодиён зимни нишасти матбуотӣ, ки 25 июли соли равон баргузор гардид, гуфт, ки соли 2019 барои донишгоҳ соли таърихӣ буд. Чунки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ташриф оварданд.

Сарвари давлат бо омӯзгорону донишҷӯён мулоқот орос­та, бо шароити таҳсили онҳо аз наздик шинос шуданд ва дар ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ, ки дорои чор ҳазор ҷойи нишаст мебошад, ширкат варзиданд.

Зикр гардид, ки бо харҷи 1 миллион сомонӣ лавозимоти хониш, аз қабили воситаҳои техникии таълим, 75 проектор, монитор ва тахтаи электронӣ харидорӣ карда шуд.

Бино ба иттилои ректор, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 24 омӯзгори донишгоҳ рисолаи докторӣ ва номзадӣ дифоъ намуданд. Донишгоҳ бо зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Тӯли панҷ соли охири фаъолият он бештар аз 19 ҳазор нафар мутахассиси соҳаҳои гуногунро омода намудааст, ки дар ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият ­доранд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»