Аз нишастҳои матбуотӣ

3,16 миллиард сомонӣ сармоя аз худ гардид

№21 (4127) 15.02.2020

DSC_5718Ислоҳот ва тадбирҳои андешида имкон доданд, ки  соли сипаришуда ҳафт созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расад. Дар доираи ин созишномаҳо ҳашт корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва 2,4 миллиард сомонӣ сармояи ватаниву хориҷӣ ҷалб мешавад. Ин нуктаро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода 11 феврали соли равон зикр кард.

Бино ба қавли ӯ, маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар кишвар ба ҳолати якуми январи соли равон, бо дарназардошти ба анҷом расидани татбиқи якчанд лоиҳа ва оғоз гардидани лоиҳаҳои нав, аз 65 адад ва маблағи умумии онҳо аз 32,1 миллиард сомонӣ  иборат мебошад. Соли 2019 дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда 3,16 миллиард сомонӣ аз худ ва 3,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид карда шуд, ки дар қиёс ба соли пеш 6 дарсад зиёд мебошад.

Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 326,5 ҳазор субъекти соҳибкорӣ фаъолият карданд, ки ин дар муқоиса ба соли қаблӣ 10,6 ҳазор адад ё 3,4 дарсад бештар аст. Дар ин давра 25,8 ҳазор субъект барҳам хӯрда, 36,4 ҳазор субъекти соҳибкорӣ таъсис ёфтааст.

- Соли 2019 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ  27,5 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардид, ки 110 дарсади нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ҷиҳати истифодаи босамару мақсадноки амволи давлатӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ 972 воситаи асосии давлатӣ ба маблағи умумии 46 миллион сомонӣ ба тавозуни дигар мақомот ва корхонаву ташкилоти давлатӣ гузаронида шудаанд.

Аз ҳисоби ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷет 8 миллион сомонӣ ворид гардидааст, — гуфт Фаррух Ҳамрализода.

Ш. АТОБУЛЛО, «Садои мардум»