Аз нишастҳои матбуотӣ

313 соҳибкори кишвар дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ иштирок карданд

№84 (3721) 15.07.2017

sharifsaid_2Як моҳ боз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО – 2017» идома дорад, ки дар он намунаҳои молу маҳсулоти кишвар ба намоиш гузошта шудааст.

Тавре раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид зимни нишасти матбуотӣ, ки 12 июли соли ҷорӣ дар бинои ПСС ҶТ баргузор гардид, иттилоъ дод, барои чорабинии мазкур СД-диски навбатии «Роҳнамои тиҷорат – 2017» пешкаш гардид, ки дар он барои ҳамкорӣ зиёда аз 400 лоиҳа пешниҳод шудааст.

Таъкид шуд, ки шумораи аъзои Палата алҳол ба 665 нафар расида, дар ним соли ҷорӣ бо мусоидати он 313 соҳибкори ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Дар кишвар 15 намоишгоҳ баргузор гардид, ки дар он молу маҳсулоти ҷумҳурӣ ва давлатҳои дигар муаррифӣ шуданд.

Шариф Саид аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки ба шарофати беҳ шудани муносибатҳо 17 – 20 апрели соли ҷорӣ Намоишгоҳ – ярмаркаи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри  Душанбе доир гардид. Ба наздикӣ баргузории ин намоишгоҳ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар назар аст.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки 16 -17 июни соли равон таҳти унвони «Суғд – 2017» дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи бонуфузи байналмилалӣ  баргузор шуд, ки дар он намояндагони 10 кишвари ҷаҳон ва 23 ташкилоти байналмилалӣ иштирок доштанд ва беш аз 100 созишнома ба имзо расид.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»