Аз нишастҳои матбуотӣ

Нуҳ ихтисоси нав дар донишгоҳи техникӣ роҳандозӣ хоҳад гашт

№84 (3721) 15.07.2017

DSC_0558Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон Ҳайдар Одиназода  дар нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки омодагӣ ба соли нави таҳсил оғоз ёфта, дар биноҳои таълимӣ таъмиру таҷдид ҷараён дорад. Ҳамчунин, барои дар соли нави таҳсил роҳандозӣ кардани нуҳ ихтисоси нав корҳо дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

- Он ихтисосҳо вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди омода кардани кадрҳои ба талаботи замон мувофиқ ба роҳ монда мешаванд. Сохтмони иншооти гидроэнер­гетикӣ ва амнияти иттилоотӣ аз ҷумлаи ихтисос­ҳои нав аст, ки барои ҷорӣ намудани онҳо иҷозатнома гирифтем, — гуфт Ҳ. Одиназода.

Айни ҳол дар 7 факултет, 40 кафедра аз рӯи 63 ихтисос мутахассисони дараҷаи бакалавр ва магистр тайёр мешаванд.  Дар донишгоҳ 432 нафар устодони асосӣ ва 149 нафар ба сифати ҳамкор фаъолият мекунанд. Аз ҷумлаи устодони асосӣ 21 доктори илм, 24 профессор, 158 номзади илм ҳастанд. Теъдоди донишҷӯён 8661 нафар буда, дар сохтори донишгоҳ Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи техникӣ ва Литсейи техникӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд.

Донишгоҳ пурра ба шакли дузинагии таҳсилот ва низоми кредитии таълим гузашта, омодакунии мутахассисонро тибқи талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ба роҳ мондааст.

Парки технологии донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқ ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкорӣ шароити хуб муҳайё  кардааст.

Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»