Аз нишастҳои матбуотӣ

38 роҳбар ҷарима шуданд. Чаро?

№91 (4196) 28.07.2020

Ваз Мехнат (3)23 июли соли ҷорӣ, пеш аз нишасти матбуотӣ, роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигоронро бо фаъолияти  МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз муҳоҷират» шинос карданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Гулрӯ Ҷабборзода зикр кард, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, бо мақсади фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти  ибтидоии касбӣ 16 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки як адад ба тасвиб расида, 10 — то дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 адад дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳо қарор доранд.

Таъкид шуд, ки паҳншавии бемории COVID-19 ба раванди  муҳоҷират низ таъсири манфӣ расонид. Аз ҷумла, Федератсияи Россия, ки давлати асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад, аз 18 март воридшавии шаҳрвандони хориҷиро манъ кард. Бо мақсади расонидани маълумоти зарурӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар вазорат, сохторҳои он телефонҳои доимоамалкунанда ва навбатдорӣ ташкил шуд. Дар шашмоҳаи якуми соли равон ба Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 20031 муроҷиату дархости муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардид. Бо дастгирии кормандони он 6 млн. 662 ҳазор рубли русӣ музди меҳнат пардохт гардида, 17 қарори судҳои ноҳиявӣ оид ба ихроҷи маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бекор шуд.

- Пардохти саривақтии музди меҳнат таҳти назорат қарор дорад. Дар давраи мавриди назар барои дар муҳлати пешбинишуда напардохтани музди меҳнат нисбат ба 38 роҳбари ташкилоту муассиса парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, ҳар яке аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима шуд, — гуфт Гулрӯ Ҷабборзода.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»