Аз нишастҳои матбуотӣ

Лутфия Абдухолиқзода: «Соли нави таҳсил дар бинои нави таълимӣ оғоз меёбад»

№20 (3814) 15.02.2018

Лутфия Абдухолиќзода- Соли 2017 барои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бобарор буд, — изҳор намуд зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада, номзади илмҳои педагогӣ Лутфия Абдухолиқзода.  — Донишкада аз аттестатсия гузашта, соҳиби литсензия ва аккредитатсия гардид. Дар заминаи он Маркази такмили ихтисос барои кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия таъсис ёфт. Бори нахуст 70 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзонаи бакалавриат (ихтисоси идоракунии давлатии иқтисодиёт, идоракунии ҳайати кадрӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ) ва 23 нафар дар зинаи магистратура (ихтисоси амнияти иттилоотӣ) аз аттестатсияи давлатии хатм гузаштанд ва 9 нафари онҳо соҳиби дипломи аъло шуданд.

Лутфия Абдухолиқзода дар идома гуфт, ки тибқи низомнома, барномаҳои дахлдор оид ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо 21 мақомоти маҳаллӣ ва марказии ҳокимияти давлатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуд ва магистрантҳо бо донишҷӯёни курс­ҳои 4-ум таҷрибаомӯзии худро дар ин мақомот гузаронданд. Ҳамчунин, таҷрибаомӯзии илмиву истеҳсолии 53 магистранти ихтисоси идораи давлатӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ сурат гирифт.

Айни ҳол дар донишкада таълим аз рӯи панҷ ихтисос — идораи давлатӣ,  идоракунии давлатӣ ва иқтисодиёт, идоракунии ҳайати кадрӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва амнияти иттилоотӣ тариқи буҷетӣ ва шартномавӣ рӯзонаву ғоибона ба роҳ монда шудааст.

Курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар асоси «Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2018» гузаронида мешаванд. Соли 2017- ум 39 курс доир шуд, ки дар онҳо 1590 нафар иштирок намуданд.

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаришуда ҳамкориҳои судмандро бо Бунёди Ҳаннс Зайдел, Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии  Федератсияи Россия, академияҳои идоракунии назди президентҳои ҷумҳуриҳои Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва созмонҳои дигари байналмилалӣ  густариш бахшида, ҷиҳати баланд бардош­тани савияи дониш, кордониву маҳорати роҳбарии самти идораи давлатӣ ва хизмати давлатии  магистрантон ва табодули таҷрибаи хизматчиёни давлатӣ бо иштироки коршиносони хориҷӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор намуд. Айни ҳол, устодон ва ходимони илмии донишкада аз рӯи 2 лоиҳаи илмӣ- «Энсиклопедияи идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон» (солҳои 2016- 2020) ва «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» тадқиқот мебаранд.

- Соли нави таҳсил дар бинои нави донишкада оғоз меёбад, – гуфт Л. Абдухолиқзода.

 Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»