Аз нишастҳои матбуотӣ

420 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид нашуд

№21 (3971) 21.02.2019

DSC_5668Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода 15 феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ аз он ёдовар шуд, ки соли 2018 бо мақсади пешбурди сиёсати оқилонаи фискалӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, кам намудани сарбории андоз вазорат дар таҳияи 57 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории андозу гумрук саҳм гузошт, ки онҳо асосан ба мутобиқ гардонидани қонунгузории соҳаи андоз ба шароити имрӯза, аз байн бурдани ихтилофот ва духӯрагии муқаррароти Кодекси андоз, ҷорӣ намудани маҳдудият дар самти гузаронидани санҷишҳои андозӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, кишоварзӣ ва ғайра мусоидат менамоянд.

Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки новобаста аз равандҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ ва таҳримҳо, нисбат ба шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди бонизоми иқтисоди миллӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ таъмин гардид.

Соли 2018 ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ бо дарназар­дошти қарзу грантҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 23,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки ба 100,3 фоизи нақша баробар мебошад. Далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки воридоти маблағ нисбат ба нақша 71, 4 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2017- ум 3,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 1,7 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки ба 102, 6 фоизи нақша баробар аст.

- Новобаста аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи даромади Буҷети давлатӣ нақшаи андоз аз даромад ва андоз аз арзиши иловашуда (дохилӣ) 420,0 млн. сомонӣ иҷро нагардид, — гуфт вазир.

Вобаста ба қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода зикр кард, ки ба иқтисоди кишвар зиёда аз 24,1 млрд. сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба соли 2017 1,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Муҳимтар аз ҳама, хусусияти иҷтимоии Буҷети давлатӣ нигоҳ дошта шуд ва барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 10,4 млрд. сомонӣ равона гардид.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ низ тавсеа ёфт. Бо шарикони рушд ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ барои амалӣ намудани 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ 15 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 402, 6 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расид, ки 62,5 фоизи он маблағҳои грантиро ташкил медиҳад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»