Аз нишастҳои матбуотӣ

46 асари нав рӯи саҳна омад

№22 (4284) 18.02.2021

DSC_3086- Бо мақсади рушди драматургияи миллӣ ва пурра гардонидани репертуари театрҳои касбии мамлакат озмуни ҷумҳуриявии драманависон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳайати ҳакамон аз 15 асари пешниҳодшуда 6 асарро ба ҷоиза сазовор донистанд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири фарҳанг Давлатзода Зулфия Давлат.

Инчунин, зикр шуд, ки бо тавсияи шӯрои бадеӣ соли гузашта 13 асари драмавӣ ва 11 асари мусиқӣ харидорӣ шуда, дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ истифода гардиданд. Соли сипаригашта бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти нави фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бинои нави Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ, Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ, Қасри фарҳанги ­ноҳияи Восеъ аз ҳамон ҷумлаанд.

Соли гузашта дар театрҳои касбии кишвар 46 асари нав рӯи саҳна омад, ки ба театрҳои пойтахт 18 намоиш ва ба театрҳои музофот 28 намоиш рост меояд. Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ 7 асари навро рӯи саҳна овард, ки аз фаъолияти пурсамари муассисаи зикршуда гувоҳӣ медиҳад.

Бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат якчанд унсури фарҳанги миллии халқи тоҷик ба Феҳристи умумиҷаҳонии репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Дар робита ба ин номинатсияҳои ҷашни «Сада», матоъҳои миллии «Атласу адрас», «Кашидадӯзӣ», мусиқии «Фалак», сози миллӣ «Рубоб», ёдгории таърихии «Қалъаи Ҳулбук», Маҷмааи меъмории «Кохи Наврӯз», номинатсияи муштараки «Ҳазлҳои Хоҷа Насриддин» барои шомил шудан ба ин феҳрист мавриди корбарӣ қарор доранд.

Қайд гардид, ки 25 декабри соли 2020 бо мақсади дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби соли 2020» ҷамъбаст шуд. Ба озмун 39 китоби тозанашр пешниҳод гардида, ғолибон дар номинатсияҳои китобҳои назм, наср, публитсистика ва назму насри бачагона қадрдонӣ шуданд.

ВОРИС,

«Садои мардум»