Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷамшед ҒАНИЗОДА: «Донишазхудкунии донишҷӯён ба 90,2 фоиз расид»

№16 (3966) 09.02.2019

ДСТВАД - Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли 2013 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуда, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн бакалавр ва магистр тайёр мекунад, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ ректори он Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат.

Сохтори донишкадаро 3 факултет, 7 кафедра, шуъбаи тайёрӣ, маркази бачагонаи рассомӣ, устохонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо ташкил медиҳанд, — афзуд номбурда.

Айни замон шумораи донишҷӯён ба 1463 расидааст, ки назар ба нимсолаи аввал 19 фоиз зиёд мебошад. Соли ҷорӣ бори нахуст дар донишкада қабули имтиҳонҳо аз фанҳое, ки машғулиятҳои назариявӣ доранд, пурра тариқи тест ба роҳ монда шуд. Донишазхудкунии донишҷӯён дар нимсолаи аввал 90,2 фоизро ташкил дода, теъдоди донишҷӯёни аълохон ба 25 нафар расид.

Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки рассомони халқии Тоҷикистон, Арбобони ҳунари Тоҷикистон, дизайнерони маъруфи ҷумҳурӣ Исуф Сангов, Мизроб Холов, Анваршо Сайфиддинов, Шобутолиб Шобутолибов, Акмал Миршакар, Фаррух Хоҷаев, Карим Наҷмиддинов, Раҳим Сафаров, Муҳаммадкарим Рақибов, Носирбек Нарзибеков ва дигарон дар  таълиму тарбия ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Инчунин, кормандони донишкада дар маҷаллаҳои илмию фарҳангӣ ва рӯзномаҳо 30 мақола нашр карда, аз ҷониби онҳо 12 китоб ба чоп расид ва омӯзгорон дар зиёда аз 50 намоиши дохилидонишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ асарҳояшонро ба маъраз гузоштанд.

Донишкада узви Ассосиатсияи донишгоҳҳои Осиё, ки дар заминаи Донишгоҳи давлатии Олтойи Россия таъсис ёфтааст, мебошад. Илова  бар ин, созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ бо Академияи бадеӣ-саноатии шаҳри Москва, Донишгоҳи ҳунари шаҳри Теҳрон ва Донишгоҳи давлатии фарҳанги Чувашис­тон ва ғайра баста шудааст.

ВОРИС, 

«Садои мардум»