Аз нишастҳои матбуотӣ

49 ҷамоати шаҳраку деҳот бино надоранд

№15 (4121) 01.02.2020

Қурбонзода-Бег-ХолМуовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Қурбонзода бисту ҳаштуми январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли сипаришуда гузаронидани арзёбии раванди рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо дар асоси «Шакли намунавии пешниҳоди маълумот»-и ҷамъбастӣ барои семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солона, ки аз ҷониби мутахассисони кумита таҳия гардидааст, ба роҳ монда шуд.

Иқдоми мазкур самаранок  будани фаъолияти мақомоти марказӣ, сохторҳои ҳудудии он ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо инъикос менамояд. Давра ба давра аз 69 шаҳру ноҳия дар асоси «Шакли намунавии пешниҳоди маълумот» ҳисоботи семоҳа, шашмоҳа ва нуҳмоҳаи соли сипаригардида ба кумита ворид гардид, ки тибқи онҳо дастовард ва камбудиҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Номбурда изҳор дошт, ки аз 53 банди нақшаи чорабиниҳо оид ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар 39 банди он Кумитаи рушди маҳал вазифадор гардидааст. Вобаста ба ин, аъзои гурӯҳи корӣ ду маротиба ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар сафари хизматӣ анҷом дода, ба комиссияҳои маҳаллӣ кумаки методӣ расонида, назорати сифати ободониро ба роҳ монданд.

Иттилоъ гирифтем, ки аз 433 ҷамоати шаҳраку деҳот 49 ададаш иҷорашин мебошанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»