Аз нишастҳои матбуотӣ

Низоми биллингӣ «Барқи Тоҷик»-ро аз мушкилот мераҳонад?

№95 (4045) 06.08.2019

DSC_0911+++- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ШСХК «Барқи Тоҷик» 8 миллиарду 79, 2 млн. кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 412,3 млн. кВт/соат зиёд мебошад, — зикр намуд раиси он Мирзо Исмоилзода 31 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, таҳвили фоиданоки неруи барқ дар давраи мавриди назар нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 529.4 миллион кВт/соат афзуд. Маблағи неруи барқи фоиданок дар шаш моҳи соли равон ба 1 миллиарду 778 миллион сомонӣ баробар шуд ва аз ҳисоби муштариёни дохили ҷумҳурӣ 1 миллиарду 416 миллион сомонӣ, содироти неруи барқ ба хориҷ 361, 1 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби интиқоли барқ ба ширкати «Помир-­энерҷӣ» 917 ҳазор сомониро ташкил дод.

Маълум гардид, ки дар ин давра талафоти неруи барқ 15, 2 дарсад­ро ташкил додааст.

- Дар натиҷаи гузаронидани корҳои таъмириву барқарорсозӣ ва пурзӯр намудани назорат нисбат ба шаш моҳи соли 2018 талафоти неруи барқ 0,3 фоиз коҳиш ёфта бошад ҳам, ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ риоя нагардидани қоидаҳои истифодаи неруи барқ аз тарафи муштариён ба назар мерасад, — афзуд М. Исмоилзода.

Қайд гардид, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳисоби дурусти неруи барқ дар нимсолаи аввал 13055 ҳисобкунаки барқии муштариён аз ҳавлиҳо ва 2691 адад аз хонаҳои баландошёна ба ҷои намоён бароварда шуд.

Ҳоло дар 64 шабакаи барқии минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» низоми биллингии «Express Client» роҳандозӣ гардидааст. Он дар 24 шабакаи барқӣ ва «Tajbilling» дар 39 шабакаи барқӣ фаъол гардонда шудааст, ки истифодабарандагон имкони истифода аз онҳоро доранд.

Илова бар ин, барои фаъол намудани системаи баҳисобгирии интеллектуалӣ 7500 ҳисобкунаки интеллектуалӣ харидорӣ гардидааст, ки насби онҳо аз тарафи шабакаҳои барқӣ дар нуқтаҳои зарурӣ идома дорад, — афзуд Мирзо Исмоилзода.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»