Нишастҳои матбуотӣ

56 медали донишҷӯёни дтҷт аз 15 мусобиқа

№90 (3727) 27.07.2017

Сафаров Шоди (1)Устодони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикис­тон дар нимсолаи аввали соли равон 8 китоби дарсӣ, аз қабили «Педагогикаи умумӣ», «Психологияи варзиш», «Фалсафаи варзиш», «Гимнастика» ва ғайраро ба табъ расониданд. Ин нуктаро 22 июл, зимни нишасти матбуотӣ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикис­тон Шодӣ Сафаров зикр кард.

Ӯ иброз дошт, ки шурӯъ аз соли нави таҳсили 2017-2018 бори аввал нашрияи донишкада бо номи «Варзишгар» чоп мешавад. Дар назар аст, ки он моҳе як маротиба дар ҳаҷми 8 саҳифа аз чоп

барояд.

- Дастовардҳои варзишии донишкада дар нимсолаи аввали сол назаррас мебошанд. Донишҷӯён аз 15 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 56 медал ба даст оварданд. Бахусус, комёбии донишҷӯён дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи варзиши сабук шоёни таҳсин аст. Дар ин мусобиқа 30 донишҷӯ ширкат варзида, соҳиби 16 медал (10 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) гаштанд, — гуфт Шодӣ Сафаров.

Таъкид шуд, ки имсол аз 19 то 30 август дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, шаҳри Тайпей Универсиадаи донишҷӯён баргузор мегардад, ки Тоҷикистонро дар он 56 нафар донишҷӯ муаррифӣ мекунанд, ки аксари онҳо аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошанд.

Инчунин, зикр гардид, ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи ҷумҳуриявии донишҷӯёни варзишгар, ки раисаш Ш. Сафаров мебошад, имсол дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни донишҷӯёни макотиби олии кишварҳои дунё баргузор хоҳад шуд.