Аз нишастҳои матбуотӣ

60 байтор бо мотосикл таъмин гардиданд

№27 (4289) 27.02.2021

Ршти Чорводори- (1)Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мавқеи хоса дорад. Дар миқёси ҷаҳон аз се ду ҳиссаи гӯшту шир аз ҳисоби алафҳои табиӣ истеҳсол мешавад. Ин нуктаро директори Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазод дар нишасти матбуотии 18 феврали соли 2021 баён кард.

Зикр гардид, ки дар доираи татбиқи лоиҳа бо фарогирии 43 ҳазору 268 хонавода 197 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ таъсис ёфт. Бо мақсади афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба истифодабарандагон техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, аз қабили трактор, комбайн, мошинолоти гуногуни кишоварзӣ дастрас шуд.

Баҳри ҳифзи солимӣ ва маҳсулнокии чорво, нигоҳубини чарогоҳҳо 55 зерлоиҳа татбиқ шуд. Илова бар ин, 60 байтори ноҳияҳои зерҳадаф бо доруворӣ, таҷҳизоти байторӣ ва мотосикл таъмин гардиданд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади зиёд намудани саршумори парандаҳои хонагӣ, таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти паҳрезӣ, тухм, асал ва меваҳои хушк, инчунин бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занон фаъолияти 135 гурӯҳ бо фарогирии 914 нафар ба роҳ монда шуд.

Бо истифода аз инкубаторҳои хонагӣ 15545 чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 1520 чӯҷаи мурғи марҷон ба 476 нафар зани  деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа ройгон дода шуд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

 «Садои мардум»