Аз нишасти матбуотӣ

639 ариза барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

DSC_0689- Дар шаш моҳи соли 2016 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 37214 (соли 2015 – 33433) мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, — қайд намуд вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дар нишас­ти матбуотӣ, ки 27 июл баргузор шуд.

- Вазорат дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ дар ин муддат ба 1740 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 1309 ҳуҷҷати хусусияти ҳуқуқии байналмилалидошта хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» 54 маротиба ҷаласаи Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, 639 аризаи довталабон барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, — гуфт ӯ.

Шоҳмурод Рустам афзуд, ки идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 208 019 амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд, ки аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 17987219 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид.

Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тӯли шаш моҳи соли равон 221231 санад, аз қабили сабти таваллуд, вафот, никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Дар ин давра, ҳамчунин се маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 50 нафар довталаб ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд.

Дар шаш моҳ ба вазорат ва раёсатҳои адлияи вилоятҳо 1578 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардид. Муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар ба фаъолияти иҷрочиёни суд, нотариати давлатӣ, бақайд­гирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ вобастагӣ доштанд.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»