Аз нишастҳои матбуотӣ

70 дарсади аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъминанд

№93 (3887) 02.08.2018

DSC_0244- Дар нимсолаи якуми соли 2018 зерсохторҳои Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба маблағи 74 772,3 ҳазор сомонӣ хизматрасонии гуногунро амалӣ карданд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,9 дарсадро ташкил медиҳад.  Дар ин давра 11 миллиону 994,2 ҳазор сомонӣ андоз ва 5 миллиону  565,4 ҳазор сомонӣ пардохтҳои иҷтимоӣ ба буҷет супорида шуд, — изҳор дошт директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  Алимурод Исломзода.

Бино ба гуфти ӯ, дар ин муддат аз тарафи корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба маблағи 14 миллиону 960,3 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд.

Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин давра ба истифодабарандагон 24 миллиону 889,2 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ даст­рас намуда, 8 миллиону 992 ҳазор метрии мукааб партовро кашониданд. Барои сохтмон ва барқарорсозии иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз ҷумла  обтаъминкунию канализатсияи шаҳру ноҳияҳо, сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҷалб гардида, дар доираи  лоиҳаҳои амалишаванда корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон 70 дарсади аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъминанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»