Аз нишастҳои матбуотӣ

8 млн. Нафар ба сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳот таваҷҷуҳ зоҳир намуданд

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

DSC_107117 феврали соли 2021 роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати фаъолият дар соли 2020 нишасти матбуотӣ гузарониданд.

Раиси он Олимҷон Муҳаммадҷонзода зикр кард, ки соли 2020 фаъолиятро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 — 2030» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба роҳ монданд.

Ба 134 санади меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот ва аз ҷониби бахши экспертизаи забоншиносӣ ба 27 санади судӣ хулоса пешниҳод шуд.

- Соли 2020 аз ҷониби коршиносони шуъбаи танзими истилоҳот 26 665 истилоҳ мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифт, — афзуд раиси кумита.

Илова бар ин, ба номгузории 1278 маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ хулоса пешниҳод гардид. Инчунин, лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи қуллаи «Корженевская» ба қуллаи «Озодӣ» ва «Қуллаи Озодӣ» ба «Сангталак», «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритуз ба Шаҳритус» — ро таҳия намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

- Сомонаи кумита бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба таври доимӣ фаъол буда, ба он беш аз 8 миллион нафар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар маҷмӯъ, истифодабарандагон беш аз 23 миллион нафарро ташкил медиҳад, — гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»