Аз нишастҳои матбуотӣ

80,2 фоизи чорвою паранда дар хоҷагиҳои шахсӣ парвариш меёбад

№18 (3812) 10.02.2018

DSC_3995Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки соли 2017 дар муқоиса ба соли 2016 майдони кишти зироатҳои техникӣ 12384 гектар, картошка — 579, сабзавот — 794 ва полезӣ 125 гектар зиёд гардид.

Пахтакорони ҷумҳурӣ аввалин маротиба дар замони соҳиб­истиқлолӣ нақшаро барзиёд иҷро намуда, 386508 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Дар назар аст, ки соли равон майдони кишти пахта ба 187500 гектар расонида шавад, ки ин нисбат ба соли 2016-ум 24943 гектар ва назар ба соли гузашта 13521 гектар зиёд мебошад.

Дастовардҳо дар соҳаи чорводорӣ низ сол то сол зиёд мегардад. Чунончӣ, соли сипаришуда саршумори чорвои калон 1,4 фоиз, гӯсфанду буз — 2,8, паранда — 2,8 ва асп 0,6 фоиз зиёд шуд. Истеҳсоли шир 949912 тонна ва гӯшт 248769 тоннаро ташкил дод.

- Тибқи маълумоти оморӣ, саршумори чорвои калон дар ҷумҳурӣ 2,3 миллион сар ва бузу гӯсфанд 5,5 миллион сарро ташкил медиҳад, — гуфт Иззатулло Сатторӣ. — Дар маҷмӯъ, 80,2 фоиз чорвою паранда дар хоҷагиҳои шахсӣ (аҳолӣ) парвариш меёбад. Чораҳои андешида дар соҳаи  моҳипарварӣ имкон дод, ки истеҳсоли моҳӣ нисбат ба соли 2016- ум 17 тонна зиёд гардад.

Рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз як тараф  боиси афзоиши истеҳсоли асал гардад, аз тарафи дигар ба зиёд шудани ҳосили боғу токзор ва зироатҳои  полезӣ мусоидат мекунад. Алҳол дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 218990 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 5539 оила зиёд мебошад. Бинобар афзоиши оилаҳои занбӯри асал, истеҳсоли асал нисбат ба соли 2016-ум 106 тонна бештар гардид.

- Пайравӣ намудан ба  таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани маданияти заминистифодабарӣ имкон медиҳад, ки минбаъд  боздеҳи киштзор афзуда, маҳсулоти озуқаворӣ дар бозор фаровон гардад, — афзуд вазири кишоварзӣ.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»