Аз нишастҳои матбуотӣ

Аҳтам Абдуллозода: «8057 ҷавон бо ҷойи кор таъмин гардиданд»

№94 (3888) 04.08.2018

_DSC0024+Дар натиҷаи ҳамкориҳои густурдаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 381 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуда, 8057 нафар ба ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардида, 6585 нафар ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода 31 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Бино ба гуфти ӯ, дар 143 курси омӯзиши атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, попуридӯзӣ, гулдӯзӣ, қаннодӣ, ороишгари рӯй ва мӯй, сартарошӣ, таъмиргари телефон, забонҳои русиву англисӣ ва компютерӣ ба 4053 ҷавон касб омӯзонида шуд.

Дар давраи зикршуда ба мусобиқаҳои байналмилалӣ 216 варзишгарони дастаи мунтахаб бо харҷи 863675 сомонӣ сафарбар гардида, соҳиби 105 медал, аз ҷумла 36 тилло, 21 нуқра ва 48 биринҷӣ шуданд.

Зикр кард, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар ҷумҳурӣ соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ рушд ёфта,  вазъи инфрасохтори он тамоюли беҳшавиро касб намудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ 122 варзишгоҳ, 6619 майдончаи варзишӣ, 1702 толори варзишӣ, 88 ҳавзи шиноварӣ ва 788 маҷмаа ба қайд гирифта шудааст.

- Ҳоло иштироки бонувони варзишгар дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ зиёд шуда, дар нимсолаи якуми соли 2018 дар 15 чорабинии сатҳи байналмилалӣ 35 варзишгар иштирок намуд, ки 6 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, — афзуд Аҳтам Абдуллозода

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»