Аз нишастҳои матбуотӣ

95,8 дарсад орд дар дохили кишвар истеҳсол шуд

№94 (3888) 04.08.2018

Тех нав (1)- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар тӯли шаш моҳи аввали соли 2018 ба 10 миллиарду 413,9 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,9 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нуктаро вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода якуми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Номбурда афзуд, ки барои истеҳсоли маҳсулоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаи саноат 317,5 миллион сомонӣ маблағи корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардид.

- Дар давраи зикршуда маҳсулоти ивазкунандаи воридот, аз ҷумла халта 45,3 миллион дона, ротбанд 132,2 тонна, фториди алюминий — 1691,3, криолит — 232,3, коагулянт 873,4 тонна, хишти сабук 6,5 ҳазор метри мукааб, гаҷкартон 1217,5 ҳазор дона, маҳсулоти нарми бомпӯш (тол) 10 ҳазор метри квадратӣ ва бозичаҳои кӯдакона 64,3 ҳазор дона истеҳсол гардид. 60 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 559 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд, — изҳор дошт номбурда.

Бино ба гуфти Шавкат Бобозода, дар давраи мавриди назар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 25 номгӯи маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин гардида, суръати афзоиши молҳои саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 мутаносибан аз 100,2 дарсад то 1,6 маротибаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, зикр шуд, ки ҳиссаи орди ватанӣ дар таъмини бозори истеъмолии кишвар дар ин давра ба 95,8 дарсад расонида шуд, ки нишондоди баландтарин дар таърихи соҳа мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»