Аз нишастҳои матбуотӣ

994 медали варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ

№21 (4127) 15.02.2020

Чавонон (2)Даҳуми феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ  иттилоъ дод, ки ба хотири оммавигардонии варзиш соли 2019 зиёда аз 4565 чорабинӣ ва мусобиқаи варзишӣ, аз қабили чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, интихобии вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ баргузор гардиданд.

Шумораи чорабиниҳои варзишии доиркардаи Кумита ба 10386 адад мерасад, ки ба онҳо қариб 2 миллион наврасу ҷавон ҷалб гардиданд. Аз ин шумора 25 дарсадашро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Дар самти сохтмону барқарорсозии иншооти варзишӣ, сафарбаркунии варзишгарон ба мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавию байналмилалӣ, оммавигардонии варзиш ва ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ низ корҳои зиёд ба сомон расиданд. Дар шаҳру навоҳии кишвар 358 иншооти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла, 2 варзишгоҳ, 310 майдонча, 41 толор, 4 ҳавзи шиноварӣ ва маҷмааи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар маҷмӯъ, шумораи умумии иншооти варзишии кишвар ба 10065 адад расид. Айни ҳол дар мактабҳои варзишӣ дар 3989 гурӯҳ 48 ҳазор таълимгиранда машқ мекунанд.

Шумораи умумии медалҳои бадастовардаи варзишгарони мо аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар соли сипаришуда 994 адад — 355 тилло, 250 нуқра ва 389 биринҷиро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 461 адад бештар аст.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»