Аз нишастҳои матбуотӣ

Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА: «Варзишгарони мамлакат 467 медал ба даст оварданд»

№19 (3969) 16.02.2019

DSC_5243- Довталабони ҷоизаҳо, аз ҷумла Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, ки барои ҳавасмандгардонии олимони ҷавон таъсис ёфтааст, сол ба сол зиёд мешавад. Соли 2018 аз 70 довталаб 12 нафар соҳиби ҷоиза гардиданд, — зикр кард раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ, ки 12 феврал баргузор шуд.

Номбурда афзуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 октябри соли 2017 «Дар бораи таъсис додани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» шумораи гирандагони стипендия аз моҳи сентябри соли 2018-ум 100 адад зиёд карда шуд. Дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» ва дар ҳамкорӣ бо сохторҳои маҳаллӣ 228 курси омӯзиши атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, попуридӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, забонҳои русиву англисӣ ва кор бо компютер бо фарогирии 8661 нафар ташкил гардид.

Аҳтам Абдуллозода вобаста ба иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иттилоъ дод, ки соли 2018 варзишгарон дар ҳайати 649 нафар (66 зан) дар 146 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок карданд. Дар маҷмӯъ, 467 медал, аз ҷумла 151 тилло, 103 нуқра ва 213 биринҷӣ ба даст омад.

Зикр гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 316 иншооти варзишӣ бо харҷи 118 миллиону 900 ҳазору 933 сомонӣ ба истифода дода шуд. Айни замон, барои ҷалби нав­расону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ 140 мактаби варзишӣ, аз ҷумла, 5 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ ва 12 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, амал менамоянд.

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»