Аз нишастҳои матбуотӣ

Абдухалил Ғафурзода: «Ба раванди таълим ёздаҳ ихтисоси нав илова шуд»

№21 (4127) 15.02.2020

DSC_5722Соли 2019 барои баланд бардоштани сатҳи таъминоти кадрии муассисаҳои соҳаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи таҳсилоти бакалаврият 4 ихтисоси нав — идораи мақомоти маҳаллӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ, менеҷменти молиявӣ, менеҷменти сиёсӣ,  дар зинаи магистратура 7 ихтисоси нав-менеҷменти сиёсӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ, менеҷменти молиявӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идоракунии ҳайати кад­рӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ду ихтисос дар зинаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ — идораи давлатӣ, ҳуқуқ ва менеҷменти сиёсӣ илова шуд.

Ин нуктаро 11 феврали соли равон ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зикр намуд.

- То соли 2019 дар зинаи бакалаврияти муассиса аз рӯи 4 ихтисос (идораи давлатӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идораи ҳайати кадрӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ), дар зинаи магистратура аз рӯи 2 ихтисос (идораи давлатӣ ва амнияти иттилоотӣ) ва 2 ихтисос дар зинаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ (идораи давлатӣ ва идораи ҳайати кадрӣ) мутахассис омода мешуд, — афзуд номбурда.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби раёсати таълим дар якҷоягӣ бо мудирони кафедраҳои тахассусӣ барои ихтисосҳои нав нақшаҳои таълимӣ таҳия карда шуданд, баъди гузаронидан аз ташхиси маркази методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтанд.

- Дар давраи мавриди назар бо якчанд ташкилоти байналмилалӣ ва муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷа, аз ҷумла, Академияи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Донишгоҳи Федералии Қазони Федератсияи Россия, Бунёди «Русский мир», Донишкадаи ғарбии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, Барномаи байналмилалии «Erasmus+» созишнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Илова бар ин, ҷиҳати ба роҳ мондани таҳсил дар зинаи аспирантура ва унвонҷӯ дар хориҷи кишвар дар донишкада шуъбаи омодакунии ­кад­р­ҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ таъсис дода шуд, — иброз дошт Абдухалил Ғафурзода.

Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»