Аз нишастҳои матбуотӣ

Абдулло АБДУЛЛОЕВ: «Хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳаққи суғуртаро намепардозанд»

№15 (3965) 07.02.2019

Abdullo-AbdulloevМуовини якуми директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев якуми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ниҳоди мазкур соли 2018 бо 742470 шахси воқеию ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ бастааст. Соли сипаришуда аз ҳисоби ҳама намуди суғурта ба ҷойи 30 миллиону 500 ҳазор сомонии банақшагирифташуда 32 миллиону 675 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид.

Аз 12 майи соли сипаришуда аз ҳисоби ба суғурта фаро гирифтани масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, 3 миллиону 763 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шуд.

КВД «Тоҷиксуғурта» бо ниҳодҳои суғуртавии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Эрон ва Афғонистон шартномаи ҳамкорӣ дорад.

- Ба муассисаҳои кишоварзии мамлакат борҳо пешниҳод кардем, ки молу амвол ва ҳосили кишти зироаташонро суғурта кунанд, то ки ҳангоми офати табиӣ зарари ҷубронро пардохт намоем. Мутаассифона, онҳо ҳаққи суғуртаро намепардозанд, — гуфт Абдулло Абдуллоев.

Иддае аз тоҷирони бозорҳои шаҳри Душанбе, ки амволашонро суғурта карда буданд, ҳангоми рух додани сӯхторҳо ҷуброни зарар гирифтанд. Аз ин соҳибкорони дигар ибрат гирифта, молу амволашонро аз ҳодисаҳои нохуш суғурта карда истодаанд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»