Аз нишастҳои матбуотӣ

Абдулло Қурбонзода: «Аз «Барқи тоҷик» 158,5 миллион сомонӣ қарздорем»

№91 (4041) 27.07.2019

DSC_0062- Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2019 бо 59886 истифодабаранда шартнома баста, ба онҳо мувофиқи дархосташон 1751 миллион метри мукааб, бо арзиши 33,85 миллион сомонӣ, об расонид. Аз ҷониби обистифодабарандагон 25,48 миллион сомонӣ пардохт шуд, ки 76 дарсади хизмати обрасонӣ мебошад, — изҳор дошт муовини якуми директори агентии мазкур Абдулло Қурбонзода 23 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда афзуд, ки бинобар пурра пардохт нашудани ҳаққи хизмати обрасонӣ қарзҳои обистифодабарандагон дар назди агентӣ афзуда, бо дарназардошти солҳои пешин 125,9 миллион сомониро ташкил дод. Ин ҳолат боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла, суғуртаи иҷтимоӣ ва андозҳо гардидааст. Дар давраи зикршуда қарзҳои кредиторӣ 267,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 4,39 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнат, 21,8 миллион сомонӣ қарзи фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 27 миллион сомонӣ қарзи андоз мебошад.

Дар давраи зикршуда пойгоҳҳои обкашии агентӣ ба маблағи 38,2 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода кардаанд, ки танҳо 40,3 дарсади он (15,38 миллион сомонӣ) пардохт шудааст. Қарзи идораҳои зертобеи агентӣ аз ҳисоби истифодаи неруи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» 158,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сабаби афзудани қарзҳои кредитории агентиро масъулин дар мувофиқ набудани ҳаққи хизмати обрасонӣ бо тарифҳои неруи барқ арзёбӣ карданд.

Иттилоъ гирифтем, ки дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» соли ҷорӣ азхудкунии 80 гектар замини нав дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи он, соли 2019 барқарорсозии 1450 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, аз ҷумла, дар шаҳри Ҳисор 150 гектар, ноҳияҳои Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод ва Нуробод 100 гектарӣ, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод ва Конибодом 200 гектарӣ пешбинӣ шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»