Аз нишастҳои матбуотӣ

Агентии омор барои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил омодагӣ мебинад

№95 (3889) 07.08.2018

ОМОР (1)- Агении омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 қарорҳои дахлдор қабул ва намунаи саволҳои барӯйхатгириро мутобиқи тавсияи созмонҳои байналмилалӣ омода ва минтақаҳоеро, ки дар онҳо соли 2018 барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад, муайян намуд, — иттилоъ дод директори агентӣ Гулнора Ҳасанзода 30 августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда афзуд, ки тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи давлатии мусоидат ва қоидаҳои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ва «Дар бораи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018» қарорҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо низ қабул шудааст.

- Бори нахуст, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар, таҳқиқоти «Вазъи захираҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки он» дар доираи Лоиҳаи «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор» гузаронида шуд ва дар заминаи он тавозуни сӯзишворию энергетикӣ дар ҷумҳурӣ омода гардид. Ҳамчунин, дар нимсолаи аввали  соли равон барои мукаммал намудани шаклҳои пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва механизми ҷамъоварии маълумот тавассути сомонаи агентӣ пешниҳоди 8 шакли ҳисоботи оморӣ ба тарзи электронӣ роҳандозӣ гардид, — гуфт Гулнора Ҳасанзода.

 Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»