Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷалби 276,3 млн. доллар сармояи хориҷӣ

№102 (4364) 10.08.2021

1611856599_kodd- Маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоя­гузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон то 1 июли соли 2021 аз 74 адад (35 лоиҳаи грантӣ, шаш лоиҳаи қарзӣ ва 33 лоиҳа дар ҳаммаб­лағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маб­лағи умумии онҳо 38,1 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Дар таркиби онҳо грант 20,4 млрд. сомонӣ, қарз — 16,1 млрд., саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — 1,26 млрд. сомонӣ ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла, саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ғайра 167,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, — изҳор дошт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 28 июли соли 2021 доир гардид.

Ӯ гуфт, ки аз маблағи умумии зикр­шуда 968,9 млн. сомонӣ дар соҳаи энергетика, 632,1 млн. — нақлиёт, 102,8 млн. — маориф, 148,2 млн. — тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 39,0 млн. — обёрӣ, 159,6 млн. — хоҷагии манзилию коммуналӣ, 105,5 млн. — кишоварзӣ, 71,3 млн. — экология ва ҳолатҳои фавқулода ва 38,4 млн. сомонӣ дар дигар соҳаҳо (гумрук, молия, сайёҳӣ ва ғайра) аз худ шудаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 276,3 млн. доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки аз он 125,2 млн. долларро сармояи мустақим, 0,1 млн. — ҷомадонӣ ва 151,0 млн. долларро дигар намуди он ташкил медиҳад. Сармояи хориҷӣ асосан аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 104,0 млн.доллар, Люксембург – 66,8 млн., Туркия – 13,5 млн., Швейтсария – 13,1 млн., Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – 10,6 млн., Филлипин – 8,6 млн., Британияи Кабир – 6,9 млн., Кипр – 4,6 млн., ИМА-4,5 млн., Кувайт – 4,1 млн., Англия – 3,5 млн., Олмон – 1,7 млн., Фаронса – 1,2 млн., Федератсияи Россия 1,1 млн. доллар ҷалб шудааст.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»