Аз нишастҳои матбуотӣ

Алимурод Исломзода: «Камбудии соҳаи коммуналӣ ҳолати бади техникаи махсуси корӣ аст»

№21 (3815) 17.02.2018

жкхДиректори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳолати на он қадар хуби техникаҳои махсуси корхонаҳои коммуналӣ яке аз камбудиҳои асосии соҳа мебошад. Аз 867 техникаи махсусе, ки дар мувозинаи корхонаҳо қарор доранд, 576 адад дар ҳолати корӣ ва 291 адад корношоям аст.

- Ҷиҳати ташкили хизматрасонӣ дар сатҳи зарурӣ соли 2017 барои корхонаҳои коммуналӣ 6 адад техникаи махсус  харидорӣ шудааст, ки ин хеле кам аст, — гуфт номбурда.

Корхона баҳри иҷрои банди 1 ва 4-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Зикр шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маблағгузории корхонаҳои соҳаи коммуналӣ нуқтаҳои қабули лампаҳои симобдори аз истифода баромада ташкил шуд. 422,3 ҳазор лампаи корношоями каммасрафро аз сокинон ҷамъоварӣ кардаанд. Ӯ гуфт, ки  корхона  ҳар донаи онро аз аҳолӣ бо нархи 68 дирам харидорӣ менамояд.

Ба гуфти А. Исломзода,  яке аз сабабҳои харидорӣ шудани фурӯзонакҳо зарарнок будани он ба саломатии инсон ва муҳити зист мебошад. Мутахассисон собит кардаанд, ки симоби дохили онҳо тақрибан ҳазор сол дар табиат боқӣ мемонад.

Масъулин эътироф намуданд, ки ҳарчанд истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф аз соли 2009 дар Тоҷикистон ҳатмӣ шуда бошад ҳам, вале то ҳол корхонаи коркарди фурӯзонакҳои корношоям бунёд нагардидааст. Роҳбарияти корхона тасмим доранд чунин корхонаҳоро дар се шаҳри бузурги Тоҷикистон бунёд созанд. То замони бунёди корхонаҳои зикршуда ин намуди лампаҳо  дар контейнерҳои махсус нигоҳдорӣ мешаванд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»