Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъоварии 474873 лампаи симобдор дар ҳашт сол

№93 (4043) 01.08.2019

DSC_0596++Дар шаш моҳи соли равон корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба маблағи 87 миллиону 849 ҳазор сомонӣ хизмат расониданд, ки нисбат ба як соли пеш 22,3 дарсад зиёд аст. Дар ин бора директори генералии корхонаи мазкур Ҷамшед Табарзода 29 июл зимни нишасти мабуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра масоҳати умумии заминҳои хоҷагии ёрирасони корхонаҳои соҳа 40,82 гектарро ташкил намудааст. Ҳоло дар назди корхона 75 гармхона дар масоҳати умумии 11492 метри квадратӣ фаъолият дорад.

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор», ки дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо чораҳо андешида шуда истодааст, дар солҳои 2011-2019 474873 адад лампа ҷамъоварӣ шуд.

Аз он изҳори қаноатмандӣ гардид, ки дар доираи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Иттилоъ доданд, ки корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамин давра ба истифодабарандагон 26 миллиону 310 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ расонида, 10 миллиону 990,7 ҳазор мукааб партов кашонидаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»