Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ рӯ ба беҳбудӣ овардааст

№23 (4129) 20.02.2020

DSC_5756Солҳои қаблӣ Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» яке аз қарздорони асосӣ дар назди буҷети давлатӣ аз ҳисоби андоз ба шумор мерафт ва маб­лағи қарз зиёда аз 300 миллион сомониро ташкил медод.

Раиси ширкат Мирзо Исмоилзода дар нишасти матбуотии 11 феврали соли ҷорӣ баргузоргардида хабар дод, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат сол то сол пардохтҳои андозро афзоиш медиҳад. Агар соли 2016 «Барқи Тоҷик» пардохти андозҳоро ба маблағи 291 миллион сомонӣ таъмин намуда бошад, пас дар соли сипаришуда ин нишондиҳанда 453,4 миллион сомониро ташкил дод. Хулоса, ширкат бақияпулӣ ва қарзи андозро пурра бартараф намуд.

Маълум гардид, ки соли сипаришуда истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ 16 миллиарду 464 миллион кВт — соатро ташкил  дод, ки дар қиёс ба соли 2018 244,7 миллион кВт зиёд мебошад.

Дар баробари зиёд намудани истеҳсоли неруи барқ бо мақсади беҳтар намудани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ соли 2019 ба маб­лағи 4 миллиарду 40,5 миллион сомонӣ неруи барқ харидорӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 64 шабакаи барқии минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии зертобеи ширкат низоми биллингии муосир, аз ҷумла, низоми билингии «Express Client» дар 24 шабакаҳои барқӣ ва «Tajbilling» дар 39 шабакаҳои барқӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки ҷамъоварии маблағи  истифодаи неруи барқ низ рӯ ба беҳбуд овардааст. Эътироф гардид, ки ҳанӯз ҳам мушкилӣ дар самти ҷамъоварии маблағи неруи барқ дар шабакаҳои барқии шаҳрҳои Бохтар, Турсунзода, минтақаҳои Кӯлоб, Суғд, Рашт ба назар мерасад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»