Нишасти матбуотӣ

«Амонатбонк» ба пасандозгузоронаш 64 миллион сомонӣ фоиз дод

№ 21.07.2016

DSC_0051- Ба сифати раиси раёсати БДАҶТ «Амонатбонк» тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳам дод то фаъолияти он пурмаҳсул ва муназзам сурат гирифта, аз таъсироти манфии ба буҳрони ҷаҳонии молиявӣ рабтдошта эмин бошад,- гуфт Ҳакимзода Руҳулло Абдулғанӣ дар посухи суоли журналистон вобаста ба дурнамои фаъолияти ин муассисаи бонуфузи молиявӣ.  Дар нишасти матбуотии «Амонатбонк», ки 19 июли соли равон доир гардид, гуфта шуд, ки кормандони он  ба 12 ҳазор корхонаҳои ғайрибуҷавӣ, 655 ҳазор нафар нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва  ҳифзи ҳуқуқ тавассути 509 маркази хизматрасонии бонкӣ, 241 нуқтаҳои интиқоли маблағ, 75 филиал хизматрасонӣ менамоянд. Маълум шуд, ки дороиҳои бонк ба санаи 30 июни соли 2016 2,7 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 10,1 фоиз афзудааст. Нуктаи муҳим он аст, ки дар ин давра низ пардохтпазирии «Амонатбонк»дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Барои мисол, то моҳи  июли соли 2016 ба суратҳисобҳои тарнзитии буҷети давлатӣ андозу пардохтҳои ҳатмӣ ба маблағи 845,2 миллион сомонӣ ва маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 967,5 миллион сомонӣ ворид шуда, ба суратҳисобҳои марбута сари вақт ирсол шуданд. Дар посухи суоли журналистон бобати раванди пешниҳоди қарзҳо зикр шуд, ки аз ҳисоби маблағгузориҳои дохилию хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 ба зиёда аз 8 ҳазор нафар ба маблағи умумии 553,8 миллион сомонӣ қарз (бе дарназардошти қарзҳои байнибонкӣ) пешниҳод шудааст.Ҷоиз ба зикр алоҳида аст, ки  «Амонатбонк» дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати дастгирии бонкҳои ватанӣ, бо мақсади муътадил нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирии онҳо дар ҳаҷми 21 миллион сомонӣ қарзҳои байнибонкӣ пешниҳод намудааст. Бақияи қарзҳои додашуда дар шаш моҳи соли равон ба соҳаҳои саноат — 22,8 фоиз, кишоварзӣ — 22 фоиз, истеъмолӣ — 7,3 фоиз, сохтмон — 18,8 фоиз, тиҷорат — 15,5 фоиз, нақлиёт — 12,3 фоиз ва хизматрасонӣ — 1,3 фоиз рост меояд.

Омили дигари  қобили таваҷчуҳ дар раванди фаъолияти бонки мазкур дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 106  миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудани 121 соҳибкор  маҳсуб мешавад. Ҳакимзода Руҳулло Абдулғанӣ муътақид аст, ки фаъолияти «Амонатбонк» дар самти дарёфти сарчашмаҳо барои пешниҳоди қарз низ  тавсеа ёфтааст. Ҷиҳати тақвияти ин гуфтаҳо зикр гардид, ки бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба санаи 30 июни соли 2016 зиёда аз 2  миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали сол 11,8 фоиз зиёд аст.Дар маҷмӯъ, пасандозҳои аҳолӣ 55,7 фоизи амонатҳои ҷалбгардидаро ташкил менамояд. Шумораи пасандозгузорон дар бонк ба зиёда аз 1 млн. нафар расида, фоизҳои ба аҳолӣ пардохташуда дар давраи мавриди назар 64,3 миллион сомониро ташкил менамояд.  «Амонатбонк» дар низоми бонкии ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷалби муштариён ба хизматрасонии кортҳои пардохтӣ  мавқоми аввалро соҳиб буда, шумораи дорандагони кортҳои пардохтии он ба зиёда аз 1 миллион нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 304 ҳазор нафар ва ё 41 фоиз зиёд мебошад. Ҳамрадиф бо зиёдшавии шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ, теъдоди банкоматҳо ба 192 адад ва постерминалҳо ба 830 адад расонида шуд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиёд намудани шумораи занон дар дар низоми бонкӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 35 нафар занон, аз ҷумла 15 нафари онҳо тавассути озмун ба кор қабул шуданд. Ба кор ҷалб намудани маъюбон низ мадди назар буда, то ин вақт 15 нафар ба кор қабул шудаанд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»