Аз нишастҳои матбуотӣ

«Амонатбонк» барои дастгирии картошкапарварон 7,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дод

№16 (3966) 09.02.2019

Амонатбонк (1)Дар нишасти матбуотии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Амонатбонк», ки панҷуми феврал доир гардид, раиси раёсат Сироҷиддин Икромӣ фаъолияти молиявиро муфассал бозгӯйӣ намуд. Минҷумла, зикр шуд, ки «Амонатбонк» ба 19 ҳазор корхонаю ташкилот, 707,6 ҳазор нафақагири мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,6 млн. пасандозгузор тавассути 546  маркази хизматрасонии бонкӣ, 75 филиал ва 3 ҳазор корманд хизмат мерасонад.

Маълум гардид, ки дороиҳои бонк 4,2 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2017 14,1 фоиз афзудааст. Муҳимтар аз ҳама, пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки даромади софи бонк соли 2018 ба 36,2 млн. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба як соли пеш 13,8 фоиз зиёд аст. Бонк 52 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба Буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки нисбат ба соли 2017- ум 10, 5 фоиз бештар мебошад.

То 31 декабри соли 2018 бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 3,4 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017- ум 16,7 фоиз афзудааст.

Дар маҷмӯъ, нишондиҳандаҳо мусбат арзёбӣ шуданд. Ҳамчунин, филиалҳои бонк зиёда аз 1,5 млрд. сомонӣ маблағи хизматрасонии  коммуналиро аз аҳолӣ қабул намуданд, ки нисбат ба соли 2017- ум 21,2 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамкорӣ  бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ аз авлавиятҳо буда, то кунун бонк 64 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст. Пешниҳоди қарз аз самти асосии фаъолият маҳсуб шуда, ба 29 ҳазор муштарӣ 440,2 млн. сомонӣ қарз пешниҳод гардид, ки нисбат ба соли 2017- ум 2,2 маротиба зиёд аст.

Аз ҳисоби захираҳои бонк  баҳри дастгирии соҳаи картошкапарварӣ бо фоизҳои имтиёзнок пешниҳод гардидани 7,5 млн. сомонӣ қарз низ иқдоми қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш маҳсуб мешавад.

Дар доираи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли гузашта ба 14 соҳибкор 40,8 миллион  сомонӣ қарз пешниҳод шудааст.

Дорандагони кортҳои пардохтӣ низ зиёд гардида, ба 1 миллиону 491 ҳазор нафар расиданд, ки дар қиёс ба соли 2017- ум 156,4 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Инчунин, зикр шуд, ки 230 маркази хизмат­расонии филиалҳои «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба барномаи «Қабули пардохтҳои ҳатмӣ» пайваст шуда, бо мақсади саҳмгузорӣ дар тавсеаи пардохти ғайринақдӣ 485 пос­терминал дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб гардид.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»