Нишастҳои матбуотӣ

Ҷамшед Каримзода: «Қарзи хориҷии мамлакат ба 35,8 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст»

№93 (3730) 05.08.2017

Молия (2)Муовини якуми вазири молияи мамлакат Ҷамшед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон иҷрои Буҷети давлатӣ ба маблағи 9,3 миллиард сомонӣ, ки 99,5 фоизро ташкил медиҳад, таъмин гардид.  Ин нисбат ба нақша 45,4 миллион сомонӣ кам мебошад. Дар ин давра иҷрои нақшаи 6 намуди андоз ба маблағи 414,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба маблағи 17,9 миллион, андоз аз арзиши иловашуда 276,1 миллион, низомҳои махсуси андозбандӣ 5,8 миллион, аксизҳои берунӣ 24,4 миллион, боҷи гумрукӣ 68,9 миллион ва боҷи содиротӣ барои нахи пахта 21,5 миллион сомонӣ таъмин нагардидааст.

ҷамшед Каримзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар давраи зикршуда ба 878,1 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба аввали сол 17,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҷамшед Каримзода зикр кард, ки қисми хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 90,4 фоиз таъмин ва ба соҳаҳои гуногун 8788,7 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 431,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар ин давра маблағгузории соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ба андозаи 76,6, маориф – 90,1, тандурустӣ – 93,0, ҳифзи иҷтимоӣ – 86,0, хоҷагии манзилию коммуналӣ — 93,1, фарҳанг ва варзиш – 84,0, комплекси сӯзишвории энергетикӣ – 99,4, кишоварзӣ — 95,5, саноату сохтмон — 78,8, нақлиёт ва коммуникатсия 95,6 фоиз таъмин шуд.

қарзи хориҷии мамлакат ба 2,3 миллиард доллари амрикоӣ ё ин ки ба 35,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад ва масъулини вазорат муътақиданд, ки ин нишондиҳанда ба талаботи Стратегияи идоракунии қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ аст.

 Далер Мерганов,  «Садои мардум»