Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Ҷалби пасандоз бо пули миллӣ 15,6 фоиз афзуд»

№92 (4042) 30.07.2019

DSC_0051+++++++Дар нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 24 июл баргузор шуд, шумораи зиёди журналистон ширкат варзида, ба саволҳои хеш посух гирифтанд.

Бино ба гуфти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, дар нимсолаи якуми соли 2019 вобаста ба талаботи иқтисодиёт 2,3 млрд. сомонӣ пули нақд ба муомилот бароварда, 506,7 млн. сомонӣ пулҳои коғазии фарсуда аз муомилот гирифта шудааст.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 78 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла, 17 бонк, 24 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 7 ташкилоти қарзии хурд, 31 фонди қарзии хурд, 327 филиал ва 1431 маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолият менамоянд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки шумораи марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143 адад зиёд шуда, дороӣ ва уҳдадорияшон 21,4 млрд. сомонӣ ва 15,3 млрд. сомониро ташкил дод, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 3,4 ва 2,6 фоиз афзуд.

Ҷалби пасандоз низ тамоюли афзоишро касб ва 9,6 млрд. сомониро ташкил намудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 фоиз зиёд мебошад. Пасандозҳо бо пули миллӣ 15,6 фоиз афзоиш ва бо асъори хориҷӣ 9,4 фоиз коҳиш ёфтаанд.

Дар робита ба теъдоди қарзҳои додашуда зикр гардид, ки дар муқоиса ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 28,5 фоиз ё 81,1 ҳазор адад афзоиш ёфта, фоизи онҳо бо пули миллӣ 21,9 ва бо асъори хориҷӣ 15,5 фоизро ташкил додааст. Пешниҳоди қарз нисбат ба соли 2018 ба соҳаи кишоварзӣ 2,1 маротиба ва ба соҳаи саноат 65 фоиз беш аст.

Шумораи банкомат ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 698 ва 4903 ададро ташкил медиҳад. Теъдоди дорандагони кортҳои пардохтӣ дар муқоиса ба соли гузашта 24,4 фоиз афзуд ва 2 миллиону 132,0 ҳазор нафарро ташкил дод.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар шаш моҳи соли 2019 дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 17,1 млн. амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 367,8 млн. сомонӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,0 маротиба ва 65,3 фоиз зиёд мебошад.

Далер Мерганов, «Садои мардум»