Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: «Дар мамлакат 79 ташкилоти қарзӣ фаъолият мекунанд»

№17 (3967) 12.02.2019

DSC_9765- Соли 2018 дар натиҷаи татбиқи сиёсати фаъоли зиддитаваррумӣ, аз ҷумла, истифодаи самараноки фишанг­ҳои монетарӣ, сатҳи муътадили таваррум нигоҳ дошта шуд ва он ба 5,4 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,3 банди фоизӣ пасттар мебошад.

Ин нуктаро раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 6 феврал дар нишасти матбуотӣ иброз дошта, афзуд, ки бо дарназар­дошти қаноатбахш будани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, алалхусус, паст гардидани хавфҳои таваррумӣ, сатҳи меъёри бозтамвил тадриҷан аз 16 то 14 фоизи солона паст карда шуд.

Илова бар ин, бо мақсади танзими ҳаҷми пул дар муомилот 39,3 млрд. сомонӣ амонатҳои шабонарӯзӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба соли гузашта 2,1 маротиба зиёд аст.

Бино ба гуфти номбурда, ҳоло дар мамлакат 79 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла, 17 бонк, 25 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 31 фонди қарзии хурд фаъолият доранд. Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки дороӣ ва уҳдадории онҳо мутаносибан 21,2 млрд. сомонӣ ва 15,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2018- ум 1,2 ва 0,6 фоиз зиёд мебошад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»