Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷамшед ҶУМЪАХОНЗОДА: «Аз теъдоди аъзои Палата қаноатманд нестем»

№87 (4037) 20.07.2019

DSC_9059+Ҷамшед Ҷумъахонзода — раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ 17 июл дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли 2019 беш аз 80 ширкат ба узвият қабул шуд ва дар маҷмӯъ шумораашон ба 630 расид.

- Ин кам аст ва моро қаноатманд намекунад. Зеро бо он иқтидоре, ки Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дорад, бояд шумораи аъзои он на камтар аз ҳазор бошад, — афзуд номбурда.

- Дастгирӣ ва ҳимояи манфиатҳои соҳибкорони ҷумҳуриро яке аз вазифаҳои асосии Палатаи савдо ва саноат арзёбӣ карда, ӯ изҳори нигаронӣ кард, ки дар шаш моҳи соли равон 4-5 нафар барои машварат муроҷиат намудаанд. Шояд сабаб дар он бошад, ки соҳибкорон ба шаффофияти фаъолият чандон бовар надоранд, — гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки иштирок дар бизнес-форумҳо роҳи дигари дастгирии соҳибкорон, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ ба мамлакат мебошад.

- Ҳоло гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2019 BEIJING» фаъол буда, ҳар рӯз онро 15 — 25 ҳазор нафар ва рӯзҳои истироҳат 30 — 45 ҳазор нафар тамошо мекунанд, — гуфт Ҷамшед Ҷумъахонзода.

 М. УСМОН, «Садои мардум»