Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷангалбурӣ 16 фоиз коҳиш ёфт

№20 (3814) 15.02.2018

ЧангалТаҳлили омори соли гузашта дар соҳаи ҷангал нишон медиҳад, ки 60 фоизи қонунвайронкуниҳо ба буриши худсаронаи ҷангал рост меояд. Ин рақам нисбат ба соли 2016-ум 16 фоиз кам мебошад. Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки сабаби камшавии буриши худсаронаи ҷангал ба зиёд гаштани дастрасии аҳолии маҳаллӣ бо дигар манбаъҳои энергия, аз қабили ангишту гази моеъ, аз байн рафтани маҳдудияти истифодаи барқ дар фасли зимистон ва баланд шудани сатҳи  маърифати экологии шаҳрвандон рабт дорад.

   - Нисбат ба 906 қонунвайронкунанда санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 154500 сомонӣ ҷарима ситонида шуд,- гуфт Азизулло Исматзода.

Соли сипаришуда хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ 98,3 тонна писта, 67,2 тонна чормағз, 40 тонна хулул (хуч), 493 тонна меваҳои донакдор, 252 тонна меваҳои тухмидор, 4 тонна зелол, 217 тонна картошка, 14 тонна асал ва 141 тонна сабзавоту полезиҳо ҷамъоварӣ карданд. Дар назди 23 хоҷагии ҷангал мағозаҳои махсус ҳастанд, ки дар онҳо маҳсулот фурӯхта мешавад. Моҳҳои ноябр — декабри соли 2017 аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилоту муассисаҳои Агентӣ бо мақсади кабудизоркунии талу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе дар мавзеи «Оромгоҳ»- и ноҳияи Шоҳмансур 1640 бех, дар мавзеи «Боғи Ғалаба» — 700 дар атрофи Корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе 4295 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан  шинонда шуд.

Дар назар аст, ки дар бозори «Меҳргон»- и пойтахт мағозаи фурӯши маҳсулоти ҷангал ифтитоҳ шавад. Зеро  сокинону меҳмонони пойтахт ба маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва шифобахш таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»