Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳарорати ҳаво баландтар мешавад

№88 (3882) 19.07.2018

Хиф Мух Зист (2)Зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини раиси кумита Зарина Назарзода баргузор шуд, гарм­шавии ҳаво дар рӯзҳои охир, ҳолати партовҳои маишӣ ва тадбирҳо баҳри ҳифзи муҳити зист, муҳофизати олами наботот ва ҳайвоноти нодир, вазъи экологии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари мамлакат аз масъалаҳое буданд, ки мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҳомидҷон Расулзода иброз намуд, ки дар назар аст ҳарорати ҳаво боз ҳам баландтар шавад. Вай вазъияти баамаломадаро шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки табиист чунин ҳолат ба саломатии одамон, авзои табиат, пиряхҳо бетаъсир намемонад.

Аз мубодилаи афкор ва маълумоти пешниҳодшуда маълум гардид, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баҳри татбиқи сиёсати экологии давлатӣ, иҷрои барномаҳои давлатию соҳавӣ ва нақшаҳои миллӣ корҳои назаррасро анҷом додааст. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зист 1885 амалиёти назоратӣ гузаронида, барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 5251 пешниҳоди иҷрояшон ҳатмӣ дода шуд. Барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва қонунвайронкуниҳо 3477 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 760 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардидааст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»