Нишасти матбуотӣ

Арзиши маснуоти заргарии мусодирашуда бештар аз 1 миллион сомониро ташкил дод

№ 23.07.2016

ВКД- Дар шаш моҳи аввали соли 2016 дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 581 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 94 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 29 ҷинояти роҳзанӣ 22 ва 89 ҷинояти ғоратгарӣ 82-тои он кушода шудааст. Аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 110 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар ҳайати 1387 нафар барои содир кардани 629 ҷиноят муайян ва дастгир карда шудааст,- иттилоъ дод вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотӣ, ки 22 июли соли ҷорӣ доир гашт.

Мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Дар нимсолаи якум аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 351 ҷиноят вобаста ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ошкор шуд.

Ҳамчунин 21 ҷиноят дар самти қочоқи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ошкор ва 17 килограмм сангҳои навъҳои ёқути сурх, лаъл, тилло, нуқра ва дигар маснуоти тиллоиву заргарӣ мусодира гардид, ки арзиши онҳо 1 миллиону 744 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз аҳолӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1066 адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ дарёфт ва мусодира карда шуд,- афзуд Раҳимзода Рамазон.

Тибқи суханони вазир ҳамзамон 7 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ, ки дар онҳо 33-нафар ноболиғон ғайриқонунӣ ба тадриси илмӣ-динӣ машғул буданд  ва 136 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмӣ ошкор шудааст.

Аз ҷониби ноболиғон 410 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳолат камтар мебошад.

327 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ рух додааст, ки 159 нафарашон мардон ва 168 нафарашон занон мебошанд. Дар миёни ин шумора миёнашон 55-нафарашро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Дар ин давра барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва дигар камбудиҳо 70 нафар аз вазифа ва 86 нафар аз мақомоти милитсия озод шудаанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»  

Суратгир А. ИСОЕВ