Нишастҳои матбуотӣ

Аз 59 довталаб 46 нафар соҳиби мақоми адвокатӣ гардид

№91 (3728) 29.07.2017

DSC_0011- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар нимсолаи якум ба 2033 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 1523 ҳуҷҷати хусусияти ҳуқуқии байналмилалидош­та хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд, — иброз дошт муовини вазири адлия  Мирсайзод Ҳаким Саид зимни нишасти матбуотӣ, ки 26 июл доир гардид.

Ӯ гуфт, ки дар ин муддат дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар чор ҷаласаи Комиссияи тахассусии назди вазорат 59 аризаи довталабон барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз ин шумора 46 нафар мақоми адвокатиро соҳиб гардид ва ба ҳафт нафар, бинобар насупоридани имтиҳони тестӣ додани мақоми адвокатӣ рад карда шуд.

Идораҳои нотариалии давлатӣ 240170 амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд ва аз ин ҳисоб 24639126 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид. Мақомоти сабти асноди ҳолати  шаҳрвандӣ 219864 санад, аз ҷумла 107451 сабти таваллудро  ба қайди давлатӣ гирифтанд.

Дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорат  зиёда аз 10 ҳазор  нафар, аз ҷумла 237 зан  ва 39 ноболиғ қарор доранд.

Дар робита ба саволи хабарнигори рӯзнома  оид ба фаъолияти нокифояи иҷрочиёни суд муовини вазир иқрор шуд, ки воқеан ҳам, ин ҳолат ҷой дорад ва сабабаш ин аст, ки аз замони пайдо шудани баҳс, қабули қарор дар бораи рӯёнидани зарар ва ирсол шудани варақаи иҷро ба иҷрочиёни суд вақти зиёде сипарӣ мешавад. Дар натиҷа, вазъи молумулкӣ ва молиявии иштирокчиёни парванда, хусусан қарздорон, тағйир ёфта, боиси ба таъхир афтидани рӯёнидани зарар ва дар баъзе  ҳолатҳо ҳатто ғайриимкон шудани он мегардад.

- Дар шаш моҳ тавассути телефон ба вазорат 272 нафар вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намудаанд. Дар ин давра 49 шаҳрванди кишвар бо хориҷиён ақди никоҳ бастаанд, ки онҳо асосан шаҳрвандони Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон ва Туркия мебошанд, — гуфт Мирсайзод Ҳаким Саид.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»