Аз нишастҳои матбуотӣ

Аз 78 гектар гармхона 2269 тонна сабзавот рӯёниданд

№15 (4121) 01.02.2020

КишоварзиСоли сипаришуда кишоварзони мамлакат дар 3094,6 гектар боғу токзор бунёд намудаанд, ки 1961,6 гектари он заминҳои лалмӣ мебошанд. Муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода зимни нишасти матбуотӣ, 17 январи соли равон, иброз дошт, ки рушди соҳаи боғу токпарварӣ боиси афзун шудани имконияти содиротии мамлакат ва фароҳам омадани ҷойҳои кории доимӣ ва  мавсимӣ мегардад.

- Соли 2019 бо мақсади бунёди боғи писта  дар заминҳои лалмии ноҳияҳои Фархору Данғара аз Нидерландия таҷҳизоти обёрикунандаи «Ватербокс» оварда шуд. Таҷриба нишон дод, ки дастгоҳи мазкур  бо 15 литр захира дар давоми мавсими вегетатсионӣ ниҳолро бо об таъмин мекунад. Ҳоло таҷҳизоти зикршуда дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» мавриди истифода қарор дорад, — гуфт Саъдӣ Каримзода.

Дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи пешқадами ба рушди соҳа мусоидаткунанда тавассути баргузории семинару вохӯриҳо ба хоҷагидорон тарғиб мешавад. Соли гузаш­та олимони Академияи илм­ҳои кишоварзии Тоҷикистон соҳиби 19 патенту нахустпатент, 5 шаҳодатномаи  ҳуқуқи селексионерӣ, 3 арзнома барои патент ва 5 қарори мусбат  гардиданд.

Сардори Раёсати аграрӣ ва таъмини  амнияти  озуқаворӣ Баҳодур Назаров изҳор намуд, ки соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 27,7 миллиард сомонӣ баробар гардид. Суръати афзоиши маҳсулот нисбат ба соли 2018 дар соҳаи растанипарварӣ 107,8 дарсад ва  чорводорӣ 105,7 фоизро ташкил дод. Соли сипаришуда аз 78 гектар гармхонаҳои доимоамалкунандаи мамлакат 2269 тонна сабзавот ҷамъоварӣ гардид, ки дар қиёс ба  соли 2018-ум 650 тонна зиёд мебошад.

Дар заминаи пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ теъдоди  корхонаҳои парандапарварӣ 29 адад афзуд ва шумораи умумиаш ба 134 расид. Аз ин ҳисоб шумораи ҷойҳои корӣ, саршумори паранда, истеҳсоли тухм ва гӯшт зиёд шуд. Соли гузашта 725,6 миллион дона тухм истеҳсол гардид.

С. СУННАТӢ«Садои мардум»