Аз нишастҳои матбуотӣ

Аз баракати фаровонҳосилӣ нархи аксар меваю сабзавот паст гардид

№88 (3882) 19.07.2018

_DSC0003+Сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Сафаров дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон истеҳсоли картошка 217437 тонна, сабзавот — 719186, полезӣ — 190205, мева — 101438 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта аз 2,2 то 53,1 фоиз зиёд аст. Маҳз баракати фаровонҳосилӣ аст, ки соли равон нархи пиёзу картошка, помидор ва аксар меваҳо нисбат ба соли гузашта арзонтар шуд.

- Бо мақсади самаранок истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил аз як замин мувофиқи дурнамо дар 77322 гектар кишти такрорӣ ба назар гирифта шудааст, — гуфт Шералӣ Сафаров. — Аз рӯи маълумоти оморӣ дар 67100 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 87 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 2416 гектар боғу токзори нав ва 2 гектар тутзор бунёд намуданд, ки 2090 гектари он дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд шудааст.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ аз қиматшавии нархи сӯзишворӣ дар мамлакат изҳори ташвиш намуда, иброз дошт, ки он ба арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Бо мақсади истифодаи сӯзишвории алтернативӣ як гурӯҳ олимону устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур дар хоҷагии таълимии «Ҳисор» истифодаи биогаз дар техникаи кишоварзиро таҷриба карда истодаанд. Дар сурати натиҷаи хуб додан минбаъд хоҷагиҳо метавонанд бо истифода аз пору ва партови маҳсулоти кишоварзӣ биогаз тавлид карда, техникаи кишоварзиро бо сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тозаю арзон таъмин намоянд.

 С. Суннатӣ, «Садои мардум»