Аз нишастҳои матбуотӣ

Аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 15,7 миллион сомонӣ роҳҳо таъмир карда шуданд

№87 (4037) 20.07.2019

DSC_0102Дар нишасти матбуотии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 июли соли равон баргузор шуд, рӯзноманигорон бештар ба масъалаҳои сармоягузорӣ барои таъмиру таҷдиди роҳҳо, сохт­мони роҳҳои оҳани байнидавлатӣ, танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Муовини якуми вазири нақлиёт Суҳроб Мирзозода зикр кард, ки дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 647 миллиону 149 ҳазор доллари ИМА тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ, аз ҷумла, кумаки бебозгашт ва техникӣ 205 миллиону 843 ҳазор доллар, қарз 377 миллиону 726 ҳазор доллар ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 миллиону 580 ҳазор доллари ИМА мавриди татбиқ қарор дорад. Аз ин ҳисоб дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ 33 миллиону 849,9 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шуд, ки 99,7 дарсади нақша мебошад. Дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 29 миллиону 744,8 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 3,3 миллион сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдорӣ иҷро гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 9,6 дарсад ва 2,2 маротиба зиёд мебошад. Ғайр аз ин, бо дастгирии ширкатҳову соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 15,7 миллион сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро шуд.

Доир ба назорат дар соҳаи нақлиёт иттилоъ дода шуд, ки кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт 651 иҷозатнома дода, муҳлати амали 469 иҷозатномаро тамдид карданд. Илова бар ин, дар шаш моҳи соли равон 2322 рейд гузаронида, 25062 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд.

Инчунин, маълум гардид, ки дар давраи ­зикршуда тавассути ҳама намуди нақлиёт 40132,3 ҳазор тонна бор ва 335431,2 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки нисбат ба як соли пеш мутаносибан 7,2 ва 11,3 дарсад зиёд мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»