Аз нишастҳои матбуотӣ

Ба хушкмеваи кишвар дар Дубай таваҷҷуҳ зоҳир намуданд

№94 (3888) 04.08.2018

DSC_0349Муовини директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Ҳусейн Каримов дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки бо мақсади дастгирии иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ аз моҳи феврали соли 2015 лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» амал мекунад. Буҷаи умумии лоиҳа 43 миллиону 370 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба гуфти ҳамоҳангсози лоиҳа Боймурод Қурбонов, 23 шаҳру ноҳияи мамлакат ба доираи амалишавии «Занҷираи арзиши иловашудаи шир ва зардолу» фаро гирифта шудаанд. Омӯзиш аз рӯи модулҳо дар мактабҳои саҳроӣ баргузор гардида истодаанд.

- Имсол бори аввал дар Намоишгоҳи байналмилалии «Галфуд» дар шаҳри Дубай хушкмеваи Тоҷикистон дар ғурфаи махсус бо ороиши миллӣ муаррифӣ гардид, — гуфт Боймурод Қурбонов. – Меҳмонони намоишгоҳ ба маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ, аз қабили ширкатҳои «Ориёи Исфара», «Абрикос и компания», «Тоҷикпродакт» ва «Исфарафруд» таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Намояндагони Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон ва Федератсияи Россия барои харидани хушкмеваи Тоҷикис­тон шартнома бастанд. Ҳоло гуфтушунид бо ҷониби Канада ва Австрия идома дорад. Ба иштирокчиёни намоишгоҳ, инчунин матолиби иттилоотӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ пешкаш гардид.

Мушовир — ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба омӯзиш Қурбоналӣ Меликов иброз дошт, ки аз моҳи июли соли равон дар доираи «Занҷираи арзиши иловашуда аз рӯи маҳсулоти себу нок» дар 113 гурӯҳи фермерӣ ва аз рӯи маҳсулоти лимӯ дар 47 гурӯҳи фермерӣ семинарҳои омӯзишӣ оғоз гардиданд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»