Аз нишастҳои матбуотӣ

Ба манфиати давлат 32,6 млн. сомонӣ рӯёнида шуд

№19 (4125) 11.02.2020

IMG_7991- Соли 2019 ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он  дар маҳалҳо 51095 мавод ва арзу шикояти шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва мақомоти дигар ворид гардид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ (31 январи соли равон) сардори хадамот Илёс Идрисзода.

Тибқи маълумоти мавсуф, дар натиҷаи татбиқи чораҳои дахлдор кормандони хадамот иҷрои 40394 ё 69,9 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷроро таъмин намуда, ба манфиати давлат 32,6 млн. сомонӣ маблағ рӯёнидаанд.

- Бояд қайд кард, ки  Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июли соли 2018 таъсис ёфтааст, яъне ниҳоди навтаъсис аст. Соли 2019 ба тариқи озмун аз 228 довталаб, ки ҳуҷҷатҳояшонро ба комиссия пешниҳод намуда буданд, 109 нафар дар хадамот ба вазифа таъин гардиданд. Барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта машғулияти идоравӣ гузаронида мешавад, — гуфт И. Идрисзода.

Маълум гардид, ки бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он дар сохтори хадамот бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамудааст, ки айни ҳол дар он 1376 шахси воқеӣ ва 52 шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст. Хадамот ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва омӯзиши таҷрибаи  пешқадам бо Иттифоқи байналмилалии судиҷрочиён, мақомоти иҷрои Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистон тадбирҳо андешида истодааст.

Н. НИЗОМӢ«Садои мардум»