Аз нишастҳои матбуотӣ

Баҳри ислоҳи камбудиҳо назорати қатъии тафтишот ҷорӣ гардид

№87 (4037) 20.07.2019

DSC_005716 июли соли 2019 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Прокурори генералии мамлакат Раҳмон Юсуф Аҳмадзода доир ба фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 суханронӣ карда, қайд намуд, ки вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд 3393 санҷиш гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 15 ҳазор санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва бо натиҷаи баррасии онҳо 24250 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ кашида шуда, 1881 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Бо дахолати прокуророн 353 млн. сомонӣ, аз ҷумла 158,1 млн.сомонӣ ба манфиати давлат барқарор ва баҳри рӯёнидани қарзҳо, барқарор намудани зарар ба судҳои иқтисодӣ 128 аризаи даъвогӣ ба маблағи 98,9 млн. сомонӣ пешниҳод карда шуд.

Назорат ба риояи қонунгузории андоз аз вазифаҳои муҳими мақомоти прокуратура мебошад. Ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда дар ин самт 1429 амр, 255 ­эътироз, 203 пешниҳод оварда, 110 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 1517 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 49 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 146,9 млн. сомонӣ бақияпулиҳои андоз ба буҷет ворид карда шуд.

- Риояи қонунгузории замин дар маркази диққат қарор дорад. Бо мақсади бартараф намудани қонуншиканиҳои дар ин самт ошкоргардида 1956 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 2893 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 635 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Бояд зикр кард, ки як сол пештар бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани ин кор дар Прокуратураи генералӣ раёсати алоҳида таъсис ёфт, — гуфт Раҳмон Юсуф Аҳмадзода.

Дар робита ба бартараф намудани камбудиҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба кормандони прокуратура 13 марти соли 2018 баён доштанд, прокурори генералӣ иброз дошт, ки барои ислоҳи камбудиҳо нақша — чорабиниҳо тартиб дода шудааст ва айни ҳол татбиқи он идома дорад. Аз ҷумла, барои беҳтар намудани сифати тафтишот сардорони раёсатҳои тафтишотӣ иваз карда, аттестатсияи муфаттишони мақомот гузаронида шуд. Дар натиҷа, ба 10 муфаттиш муҳлат муқаррар ва таъкид гардид, ки дар сурати ислоҳ нашудан аз мақомот хориҷ мешаванд. Ҳамчунин, ҷойивазкунии муфаттишонро ба роҳ монда, назорати қатъии тафтишотиро ҷорӣ кардем.

Назорати тафтишот дар Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пурзӯр карда шуд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»