Аз нишастҳои матбуотӣ

Балҷувон. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзуд

№102 (4364) 10.08.2021

davРаиси ноҳияи Балҷувон Ҷалилзода Шералӣ зимни нишасти матбуотӣ (28 июл) иттилоъ дод, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозии 375 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Аз он 343 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 46 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

Тибқи нақша, то охири соли 2021 бунёду навсозии 35 муассисаи таълимӣ, 8 кӯдакистон, 23 майдончаи варзишӣ, 2 беморхона, 3 толори варзишӣ, 20 бунгоҳи тиббӣ, 2 маркази тиббӣ, дорухона, 3 нуқтаи хатнакунӣ, 13 меҳмонхона, 18 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва 15 ҳаммом дар назар аст.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ 40 миллиону 982 ҳазору 300 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. 365 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад.

- Ба рушди соҳаи саноат ҳам таваҷҷуҳ зоҳир шуда, истеҳсоли маҳсулоти он ба 6445,9 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 365 ҳазору 900 сомонӣ зиёд аст, — гуфт Ш. Ҷалилзода.

И. РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»